ИШТИРОКИ УСМОНХӮҶА НАСРУЛОЕВ ДАР УРДУГОҲИ ТОБИСТОНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУАЛЛИМОНИ ҶАВОН
Аз 22 то 26 июни соли 2026 сармутахассиси шуъбаи таълими Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд, ҳамзамон намояндаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Усмонхӯҷа Насрулоев дар Урдугоҳи тобистонаи байналмилалии муаллимони ҷавон, ки дар минтақаи Бурабайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, ширкат варзид.
Дар ин чорабинии бонуфуз намояндагони 6 кишвар - Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Муғулистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон гирд омада буданд.
Иштирокчиён аз дарсҳои назариявии профессорони варзидаро оид ба усулҳои нави таълим дар асри зеҳни сунъӣ ва саводнокии ҳуқуқӣ баҳрабардорӣ намуданд. Тренингҳои роҳбарӣ ва малакаҳои равоншиносӣ низ қисми муҳими барнома буданд.
Омӯзгорони ҷавон инчунин аз Парки миллии табиии «Бурабай» боздид намуда, дар бозиҳои миллии «Union Cup» ширкат варзиданд.
Дар маросими расмии ифтитоҳӣ Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Қазоқистон Сатибалди Даулеталин ба намояндаи Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.
Дар охири кори урдугоҳ ба ҳамаи иштирокчиён сертификати байналмилалӣ аз ҷониби Раиси Иттифоқи касабаи соҳавии маориф, илм ва таҳсилоти олии Қазоқистон Айгул Мукашева супорида шуд.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки устоди Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Усмонхӯҷа Насрулоев дар Урдугоҳи тобистонаи байналмилалии муаллимони ҷавон иштироки фаъолона намуда, Ҷумҳуриии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифии шоиста намуд.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО